ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳафтаи сипаригардида дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти Конститутсияро ҳамчун Қонуни асосии давлат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъкид намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш доир ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон мубодилаи афкор сурат гирифт.